Картошкаи водии Рашт бо лаззату хуштаъм буда, ҳамто надорад
ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт дар хоҷагиҳои деҳқонии «Майдонтерак»-и деҳаи Кӯҳдоман ноҳияи Лахш ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд.
Масоҳати заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Майдонтерак ба 78,50 гектар баробар буда, 40,43 гектари онро заминҳои обӣ, беш аз 33 гектарро заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ва 2 гектарро боғ ташкил медиҳад. Дар ин мавзеъ асосан картошка парвариш карда мешавад.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 5 ҳазору 457 гектарро ташкил дода, тибқи интизории мутахассисон, имсол ҳосилнокии он ба 250-270 сентнер аз як гектар мерасад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш, майдони кишти картошка дар ноҳия сол ба сол зиёд гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, имсол майдони кишт нисбат ба соли гузашта 89 гектар зиёд буда, истеҳсоли зиёда аз 107 ҳазор тонна дар назар аст.
Шароит ва иқлими ноҳияи Лахш барои картошкапарварӣ хеле мусоид буда, ноҳия дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми назаррас дорад. Хоҷагидорони ноҳияи Лахш асосан навъҳои тухмиҳои «Тоҷикистон», «Пикассо», «Покистон», «Сурхоб», «Эвалюшн», «Аризона», «Элита», «Гала» ва «Бигроза»-ро кишт мекунанд, ки серҳосил мебошанд.
Тибқи иттилои мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев, ҳоло дар Тоҷикистон зироати картошка дар саросари мамлакат дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар кишт гардида, истеҳсоли умумии он ба беш аз як миллион тонна расонида шудааст. Вале, бо назардошти сол аз сол афзоиш ёфтани аҳолӣ зарур аст, ки истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ боз ҳам зиёд гардад.
«Яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошкаи хуштаъм ноҳияҳои водии зархези Рашт ба шумор мераванд, ки деҳқонону картошкапарварони он ҳар сол ҳосили баланди картошка ба даст оварда, дастархони мардуми ҷумҳуриро бо ин маҳсулоти ғизоӣ таъмин менамоянд. Дар ҳудуди ноҳияҳои ин водӣ картошка дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар кишт гардида, истеҳсоли умумии он зиёдтар аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки картошкаи истеҳсоли ин водӣ бо лаззату хуштаъмиаш ҳамто надорад»,-гуфт Қурбоналӣ Партоев.
Барои минбаъд баланд бардоштани ҳосилнокии картошка навъҳои серҳосил, тухмии хуб ва тухмипарварии ватанӣ аз омилҳои ҳалкунандаи рушди ояндаи соҳаи картошкапарварӣ ба шумор мераванд. Дар солҳои истиқлолият олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур беш аз 12 навъи нави картошкаро тавассути истифодаи усулҳои генетика, селексия ва биотехнологияи муосир ихтироъ намудаанд, ки ҳоло дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар кишт мегарданд. Алалхусус, навъи картошкаи «Тоҷикистон», ки олимони тоҷик дар шароити водии Рашт ба даст овардаанд, хеле серҳосил буда, дар таркиби лӯндаҳояш ду-се маротиба оҳани биологӣ мавҷуд аст, ки барои пешгирӣ намудани касалии камхунӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ба ҳамин тариқ, ҳоло дар мамлакат таҷрибаи нодири ба роҳ мондани тухмипарварии картошка сол аз сол тақвият ёфта, асосан тухмии маҳаллии ин зироат дар истеҳсоли он истифода мегардад.
Картошка яке аз панҷ зироати муҳимтарини ғизоӣ барои одамон буда, нони дуюм ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар ҷаҳон истеҳсоли устувори картошка ва ҳатто тамоюли афзоиши он аз ҳисоби ба вуҷуд овардани навъҳои нави серҳосил, такмили системаи биотехнологии тухмипарварӣ ва технологияҳои парвариши он мушоҳида мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар ноҳияи Рашт дар 3430 гектар, дар ноҳияи Тоҷикобод дар 2013 гектар, дар ноҳияи Лахш- 5509, дар ноҳияи Нуробод- 728 ва дар ноҳияи Сангвор дар 1150 гектар картошка кишт шудааст, ки дар маҷмуъ 12 ҳазору 830 гектарро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






