«КИТОБ-ТАРБИЯТГАРИ МАЪНАВӢ». Таҳти чунин унвон дар Хуҷанд ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад ва ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» таҳти унвони «Китоб — тарбиятгари маънавӣ» конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар конфронс доираи васеи донишмандон ва муҳаққиқони мероси хаттии ниёгон сухан гуфтанд.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода дар мавзуи «Ҳифзи мероси хаттӣ дар Осорхонаи миллӣ» ва корманди масъули Осорхонаи миллӣ доир ба қадимтарин нусхаҳои дастнавис дар осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд.
Иштирокдорони конфронси ҷумҳуриявӣ ҳамзамон доир ба ҷойгоҳи китоб дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа ибрози назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти нахустини Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуд ва 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб эълон гардид.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






