Корхонаи «Атласи Хуҷанд» ғолиби Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас-2024 гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 сентябр дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас-2024 баргузор гардид. Дар он ҳамзамон зиёда аз 20 ҳунарманди тоҷик матоъҳои суннатии бофтаи худ, инчунин маснуоти хонагии саноати бофандагӣ, ороиши дохилӣ ва лавозимоти аз ин матоъҳо истеҳсолшударо ба намоиш гузоштанд.
Фестивал дар ду номинатсия: «пиллапарварӣ» ва «атласу адрасбофӣ» баргузор гардид. Дар номинатсияи «пиллапарварӣ» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» соҳиби ҷойи якум гардида, дар номинатсияи «атласу адрасбофӣ» ҷойи якум ба корхонаи «Атласи Хуҷанд» сазовор дониста шуд.
Директори корхонаи «Атласи Хуҷанд» Азимҷон Ғафуров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки баргузории ин фестивал ба тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги матои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба меҳнати ҳунармандон, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адраси истеҳсолшуда, муайян намудани истеъдодҳои нав ва чирадастони моҳир мусоидат менамояд.
«Мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву адрасбофӣ, ки ба таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор мусоидат мекунад, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғул ҳастанд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шудаанд», -изҳор намуд Азимҷон Ғафуров.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, «имрӯзҳо дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки машҳуртарини онҳо «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Тирукамон», «Гулханд», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд».
Ба андешаи директори ин корхона, атласу адрас маҳсули меҳнати дастӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ, зебоипарастӣ ва завқи бадеии мардум бо зиндагӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми тоҷик дар Шоҳроҳи Абрешим аз Шарқ то ба Ғарб давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои атлас ва адрас маъруф буд. Матоъҳои нафису тааҷҷубовар ва нақшу нигорнамудаи миллати тоҷик дар бозорҳои мамолики Шарқу Ғарб серхаридор буданд. Тарзи тайёркунӣ ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас хеле куҳан буда, пайдоиши ин матоъҳо аз анъанаҳои бофандагии халқи тоҷик сарчашма мегирад».
Дар корхона 32 дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ истеҳсол мешавад. Бо назардошти фармоиши дохилӣ корхона метавонад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро тақвият бахшад.
Ба иттилои роҳбари корхона, танҳо давоми моҳҳои январ-апрели соли 2024 дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/ Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






