Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ баррасӣ шуд

Сентябрь 20, 2024 10:55

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо намояндагони миссияи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, татбиқи саривақтии «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо доир ба масъалаҳои марбут ба татбиқи саривақтии «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисод», аз ҷумла таҳияи «Феҳристи шахсони бекор», «Феҳристи муҳоҷирони меҳнатӣ», «Махзани ҷойҳои кории холӣ», «Барномаи фарогирии иқтисодӣ» ва ҳарчи бештар ба шуғл ва касбомӯзонӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта табодули афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои таркибии вазорат, аз ҷумла, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, муассисаҳои давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ва «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» иштирок намуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2024 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад