МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Анҷир қобилияти мустаҳкам намудани иммунитетро дорад
ДУШАНБЕ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли меваи анҷир кори рӯдаю меъдаро хуб мекунад. Калий, ки дар таркиби ин мева мавҷуд аст, ба беморони дилу рагҳо шифо мебахшад. Маҳз зиёд будани калий ва магний дар таркиби анҷир қобилияти мустаҳкам намудани масуният, рафъ намудани бактерия ва вирусҳоро доро аст. Инчунин ин мева бӯйи нохуши даҳонро аз байн мебарад, мӯйи сарро дароз мекунад ва боиси пешгирии бемории фалаҷ мегардад. Чунин тавсия медиҳанд олимони соҳаи тиб.
Меваи анҷир манбаи мис мебошад, ки барои мубодилаи моддаҳо, ташаккули ҳуҷайраҳои сурхи хун, истеҳсоли нейротрансмиттерҳо ва бофтаи пайвандак муҳим аст. Ғайр аз ин, дар анҷир витамини В6 ҳам мавҷуд буда, ин витамин барои системаи дилу рагҳо муфид аст. Инчунин анҷир аз витамини К бой аст, ки хусусияти таҳкими деворҳои рагҳо ва пешгирии тромбҳоро дорад.
Ин меваи ширин барои системаи ҳозима муҳим аст. Анҷир кори рӯдаҳоро беҳтар ва баъзе бемориҳои системаи ҳозимаро пешгирӣ мекунад. Гарчанде ки анҷир зараровар нест, аммо бо баъзе сабабҳо бояд ҳангоми истеъмол эҳтиёткор бошем. Азбаски он миқдори кофии шакарро дар бар мегирад, афзоиши миқдори шакар дар хун пас аз истеъмоли зиёд метавонад боиси диабети қанд гардад. Аммо чойе, ки аз барги анҷир тайёр карда мешавад, ба фарқ аз худи мева миқдори шакарро дар организм назорат мекунад.
Дар Тоҷикистон анҷир аз замонҳои қадим парвариш карда мешавад. Он дарахти равшанипарвар ва гармидӯст аст. Анҷирро дар шакли тар мехӯранд, мехушконанд, аз он мураббо, консерв, шарбат ва ғайра тайёр мекунанд.
Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои диққи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, тапиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда ва сипурзро муолиҷа мекарданд.
Абуалӣ ибни Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бистари бемории вазнин хеста тавсия медиҳад. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Тухми анҷир исҳоловар мебошад. Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки «беҳтарини анҷир ширини шодоби он аст, ки хоҳ сафед бошад ва хоҳ сиёҳ. Сафеди он барои хӯрдан ва сиёҳи он ҷиҳати даво беҳтар аст. Анҷир серғизо, зудҳазм, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнагӣ мебошад. Ва чун ношто бихӯранд, маҷории ғизоро кушода намояд ва баданро фарбеҳ созад ва хӯрдани он пеш аз таом талъини батн намояд, шикамро мулоим гардонад».
Ҷӯшоби баргҳои хушк ва решаи анҷирро ҳангоми заъфи меъда, ҷӯшоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда, чакмезакӣ ва камхунӣ истифода мебаранд. Чойи анҷирқоқ дарди гулӯро рафъ менамояд. Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар ва пешоброн тавсия медиҳанд.
Ба тавсияи Абуалӣ ибни Сино, истеъмоли анҷир дар наҳорӣ, хусусан якҷоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст. Он қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, барои гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад ва ранги рӯйро тоза мекунад.
Дар китоби «Канзи Шифо» омадааст: «Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро бишикананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд. Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимоланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ менамояд; инчунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам дафъ мегардонад; агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат мебахшад».
Аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст, ки истифодаи анҷир ба саломатии инсон нафъи калон бахшида, хавфи касалии дилро кам мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дорад






