«МЕРОСИ ХАТТИИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар «Қалъаи Хуҷанд» намоиши нусхаҳои нодири дастнависҳо ифтитоҳ ёфт

Сентябрь 4, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб (4 сентябр) таҳти унвони «Мероси хаттии тоҷикон» намоиши муштараки  Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ифтитоҳ гардид.  Намоиши мазкур то 20 сентябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ  Зафаршо Иброҳимзода, Омири кулли Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов ва намояндаи раёсати фарҳанги вилоят доир ба аҳамияти мероси хаттии тоҷикон ва ҳифзу муаррифии шоистаи онҳо сухан намуданд.

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 30 нусхаи нодири дастнавис ва чопи сангие, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ- ирфонӣ, адабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, инчунин намунаҳои гуногуни ҳунари хушнависӣ аз ашъори классикони форсу тоҷик, ки аз ҷониби хаттоти чирадасти тоҷик Комилҷон Саидолим китобат шудаанд, ба маърази тамошо  гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки хусусияти асосии осори ба намоиш гузошта, пеш аз ҳама, дар он аст, ки котибони нусхаҳои дастнавис аз минтақаҳои гуногуни ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, аз ҷумла,  Ҳисор, Нуробод, Файзобод, Рашт, Дарвоз, Яғноб, Хуҷанд, Исфара ва Бохтар мебошанд. Ин далели равшан ва раднопазири рушд ва ташаккули ҳунари китобдориву китобнависии тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърихӣ мебошад. Ҳамзамон ин осор аҳамияти баланди илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ доранд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар