Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар вилояти Суғд 72 баробар зиёд шудааст»
ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят мунтазам таъмин гардида, соли 2023 ба беш аз 35 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2000-ум 72 баробар зиёд мебошад. Чунин баён доштанд зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд.
Таъкид намуданд, ки танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 15 баробар афзоиш ёфтааст. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.
«Тибқи нақша, соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи саноатӣ пешбинӣ гардида, дар 7 моҳи соли 2024 106 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуд»,- изҳор доштанд Пешвои миллат.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишоварзони вилояти Суғд дар таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 19 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат бо соли 1991 7,3 баробар зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд






