Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат барномаҳои тантанавӣ баргузор намуданд. Зимни чорабиниҳо роҳбарони муассисаҳои хориҷӣ аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ёдовар шуда, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва нақши афзояндаи мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
6 сентябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус чорабинӣ барпо гардид. Ҷашн дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор шуда, намояндагони ҷамъияти тоҷикон, донишҷӯён ва ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Беларусро гирди ҳам овард.
9 сентябри соли 2024 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бо иштироки намояндагони аршади мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, намояндагони ширкату ташкилоти байналмилалӣ ва муассисаҳои олии таълимии Ҷопон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.
9 сентябри соли 2024 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия чорабинии тантанавӣ баргузор намуд.
9 сентябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии идона бо иштироки ҳамватанони муқими Кувайт ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид.
9 сентябри соли 2024 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар баробари ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон шуд. Ҳамзамон бо ташаббуси Сафорат дар маркази шаҳри Ню-Йорк—майдони Таймс Сквер навори ҷашнӣ 24 маротиба (ҳар соат давоми шабонарӯз) пахш гардид.
9 сентябри соли 2024 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бинои Ҳукумати шаҳри Сеул бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шуд.
9 сентябри соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо мақсади арҷ гузоштан ба Истиқлоли давлатӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар Манораи “Ҷумҳурият”-и ноҳияи Кечиорени Анқара намоиш дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд






