Сарвари давлат: «Бунёди шоҳроҳҳои байналмилалии Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок ба рушди ҳамаҷонибаи вилояти Суғд такони ҷиддӣ бахшид»
ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бунёди шоҳроҳҳои байналмилалии Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чанок, сохтмони нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ба масофаи 354 километр ва роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент бо дарозии 113 километр аз ҷумлаи иқдоми бузурги амалинамудаи Ҳукумати мамлакат буд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд такони ҷиддӣ бахшид. Чунин иброз доштанд Сарвари давлат зимни суханронӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд.
«Аз ҷумла, рафтуомади бехатари мусофирон ва интиқоли бемамониати молу маҳсулот аз вилоят ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва давлатҳои хориҷӣ дар чор фасли сол таъмин гардид»,-баён доштанд Пешвои миллат.
Ҳоло дар ин самт боз як лоиҳаи муҳим – таҷдиди роҳи мошингарди Деҳмой – Конибодом – Исфара босуръат идома дорад.
Ҳоло симои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ба таври куллӣ дигаргун гардида, тарҳи зебову замонавӣ гирифтааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи зиёда аз 75 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар вилояти Суғд беш аз 13 миллиард сомонӣ аз худ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар вилоят боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда то имрӯз зиёда аз 2 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






