Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар Туркия нахустин маротиба маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд

Сентябрь 13, 2024 15:58

ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 6 сентябр Намоишгоҳи 32-юми байналмилалии «WorldFood Istanbul» баргузор гардид, ки дар он бори аввал 8 ширкати ватанӣ аз Тоҷикистон иштирок намуда, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Намоишгоҳи байналмилалии «WorldFood Istanbul» яке аз намоишгоҳҳои калонтарини байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳо мебошад. Давоми зиёда аз 30 сол Истанбул ба макони вохӯрии истеҳсолкунандагони маводи хӯроквории байналмилалӣ ва харидорони калидӣ аз Туркия ва дигар кишварҳо табдил ёфтааст.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 900 ширкати истеҳсолӣ ва харидорон аз 80 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, дастовард ва навовариҳои техникиро  дар соҳаи озуқаворӣ ба намоиш гузоштанд. Дар намоишгоҳи «WorldFood Istanbul» бори аввал стенди миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Стенди миллиро Консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул Зоҳир Мирзозода, раиси Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия Ҷиҳонгир Фикрӣ ва директори портфели ташкилкунандаи чорабинӣ ICA/WFI Семи Бенбанасте ифтитоҳ намуданд.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои ватанӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оро Исфара», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фабрикаи ширин», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи Кӯҳистон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таҷфрут», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алӣ Априкот», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии меваҳо» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Ватан» маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ бо намояндагони шабакаҳои савдои чакана ва корхонаҳои яклухт, ки ба харидории маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, якчанд вохӯрӣ ташкил карда шуд.

Дар натиҷаи мулоқотҳои хосса ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба имзо расонида шуданд.

АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2024 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷамъбаст гардид
Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд
Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид