УМРИ МИЛЛАТ БА УМРИ ЗАБОН ВОБАСТА АСТ! Дар Бӯстон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид

Сентябрь 28, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ (5 октябр) дар шаҳри Бӯстон бо мақсади рушди забони давлатӣ, шинохти мақоми он, ташаккули худшиносию худогоҳии мардум ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфренсияи илмӣ — назариявӣ таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон воаста аст» ва маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш аз иқдому ташаббусҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гиромидошт ва рушди забони давлатӣ ва амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ёдоварӣ гардид.

Забон яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, чун нишони ҳастии миллату давлат шинохта шудааст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони давлатӣ эҳтироми бепоён доранд, ки он дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад. Ин эҳтиром далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ-ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Забони миллат – ҳастии миллат» дар ин маврид чунин нигоштаанд: «Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омиле аст, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст».

Дар анҷоми ҳамоиш фаъолони маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ», ки дар рушди забони давлатӣ ва шинохти мақоми он дар шаҳр хизмати шоиста намудаанд, бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Сентябрь 28, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад