Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
ДУШАНБЕ, 23.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Рӯзи миллии Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад, ки аз соли 1932 инҷониб ҳамасола таҷлил мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон суҳбат намуд, ки онро пешкаши хонандагони АМИТ «Ховар» менамоем:
АМИТ «Ховар»: Нахуст Шумо ва мардуми мамлакататонро бо ҷашни фархунда — Рӯзи миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муборакбод мегӯем! Мехоҳам бо маҷмуи саволҳо, ки ба ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ марбут аст, ба Шумо муроҷиат намоям.
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: Ҷаҳони сипос барои табрикоти самимӣ ба муносибати Рӯзи миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ. Мусоҳибаи мо дар АМИТ «Ховар» ба ҷашни 33-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар ва 94-солагии Рӯзи миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ рост омада, ба муносибатҳои дуҷониба байни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар бахшида мешавад.
АМИТ «Ховар»: Лутфан бигӯед, ки мардуми шарифи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Рӯзи миллиро имсол бо кадом дастовардҳо таҷлил менамоянд ва таърихи ин сана чӣ гуна аст?
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: Ҷашни Рӯзи миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба таърихи 23 сентябри 1932 рост меояд. Дар ин рӯз кулли минтақаҳои мамлакат бо ҳам муттаҳид гардида, мамлакате бо номи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷониби зиндаёд, шоҳи асосгузор, подшоҳ Абдулазиз ибни Абдурраҳмон Оли Сауд арзи ҳастӣ намуд ва то ба имрӯз кишвари ман- Шоҳигарии Арабистони Саудӣ рушду эҳё гардида, дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳони ислом мақоми мамлакати пешбарро касб намуд.
Агарчи дар ин мавзуъ гуфтаниҳо бисёр аст, вале мехоҳам барои равшанӣ андохтан чанд намунае аз дастовардҳои мамлакатро дар шакли фишурда пешниҳод намоям. Имрӯз Шоҳигарӣ ҷашни Рӯзи миллиро зери сарварии шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Валиаҳд Раиси Шурои вазирон таҷлил медорад. Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Валиаҳд Раиси Шурои вазирони Шоҳигарӣ, ташаббускори Барномаи стратегии «Диди Арабистони Саудӣ -2030» мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки бисёре аз ҳадафҳои ин барнома дар кишвар қабл аз таърихи таҳрезишуда амалӣ гардидааст. Аммо дар бахши иқтисодӣ Арабистони Саудӣ дар беш аз 50 нишондиҳандаи рушди устувор пешрафт кард; соли 2023 Шоҳигарӣ аз мамлакатҳои босуръати рушдёбандаи иқтисодӣ эълон гардида, мавқеи худро дар байни бузургтарин кишварҳои иқтисодии ҷаҳон (G20) мустаҳкам намуд; Шоҳигарӣ тибқи маълумоти Маркази аврупоии рақобатпазирии рақамӣ дар радифи давлатҳои G20 дар рақобатпазирии рақамӣ мақоми дуюмро касб ва шумораи умумии ҷоизаҳояшро ба 35 шаҳодатнома расонид; дар чаҳорчӯби Барномаи «Диди Арабистони Саудӣ-2030» саҳми зан дар бозори меҳнат ба 30% расид. Инчунин охири соли 2023 шаҳри ар-Риёз мизбонии Намоишгоҳи байналмилалии «Expo – 2030»-ро ноил гардид ва барои дастгирии Душанбе аз ин иқдоми наҷиби Шоҳигарӣ мехоҳам ба роҳбарият ва ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намоям. Ҳамзамон Арабистони Саудӣ аз таъсиси Созмони ҷаҳонӣ бо қароргоҳ дар шаҳри ар-Риёз дарак дод. Ин иқдом дар чаҳорчӯби талошҳои Арабистони Саудӣ дар масоили обу иқлим доир мешавад, ки бо ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамгун мебошанд. Дар соҳаи варзиш низ муваффақияти беназир ба даст омад. Аз ҷумла, мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2034-ро ҳамчун намуна ёдовар шудан бамаврид аст, ки Тоҷикистон низ ба тарафдорӣ аз ин иқдоми ар-Риёз овоз дода буд. Чунин дастоварду пешравиҳои мамлакат баръало ба назар расида, мо дар ин рӯзи фархундаи миллӣ пайваста аз онҳо ёдовар мешавем.
АМИТ «Ховар»: Ба сатҳи муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чӣ гуна баҳо медиҳед?
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: Муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат решаҳои таърихӣ доранд. Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳое аст, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳи январи соли 1992 ба расмият шинохт ва моҳи феврали соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Аз он давра то кунун равобити дуҷониба ва ҳамкории мавҷудаи мамлакатҳои мо зери ҳидояту дастурҳои роҳбарияти олии ду давлат сабаби густаришу пешравиҳои гуногунҷанба гардида, сатҳу шумораи сафарҳои мутақобила афзоиш ёфт. Масъалае, ки мехоҳам сари он бештар равшанӣ андозам, ин сатҳу сифати муносибатҳо ва рағбату ҳамоҳангии муштараки густариши робитаҳо дар сатҳи сиёсӣ мебошад. Дар ин замина даври дуюми машваратҳои сиёсӣ моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, даври сеюми он ба наздикӣ дар шаҳри ар-Риёз баргузор мегардад. Дар сатҳи ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ даври сеюми Комиссияи байниҳукуматии муштараки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва баргузории даври чоруми кори ин комиссия дар шаҳри ар-Риёз дар назар аст. Нақши ин Комиссия таҳкими ҳамкории техникӣ, сармоягузорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии байни ду мамлакат буда, санадҳои қаблии даври сеюм тавсияҳои густурдаеро доир ба таҳкими ҷанбаҳои ҳамкории ду давлат ба амал овард. Мо инчунин ба якчанд ҷанбаҳои муҳим, бахусус ҷанбаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо истифода аз имконияти мавҷуда дар ду мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунем, ки албатта, самараи он ба манфиати ҳарду мамлакат ва мардуми шарифи он мебошад.
Дар сатҳи ҳамкории тиҷоратӣ сафарҳои мутақобили соҳибкорон доир шуда, зери ҳидояту роҳнамоиҳои Сарони ду мамлакати бо ҳам бародар масъалаҳои ҳамкории шарикӣ ва сармоягузории муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт ва мо барои татбиқи он талош менамоем. Дар робита ба ҷанбаҳои илмӣ ва таълимӣ барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳои таълимӣ ҷудо гардида, ҳоло раванди қабули донишҷӯён барои таҳсил дар донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ идома дорад. Инчунин аз ҷониби Академияи олии забони арабии шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати устодони донишгоҳҳо бори нахуст даврҳои бозомӯзии забони арабӣ баргузор гардиданд.
АМИТ «Ховар»: Ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Оё бо истифода аз имконияти мавҷуда метавон дар оянда ҳамкориро дар соҳаи иқтисод, махсусан дар самти ҷалби сармояи Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон густариш бахшид?
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: Бале, чунонки қаблан ёдовар гардидем, омили асосии муносибатҳо байни давлатҳо иқтисод аст. Дар ин самт ҳоло ҳамкории назаррасе байни ду давлат ба роҳ монда шудааст, вале сатҳи ҳамкории кунунӣ ба нақшаю дурнамои роҳбарият ва ҳатто орзую ормони халқҳои бародари ду мамлакат ҷавобгӯ нест. Мо иқтидору имконияти бузург дорем, ки ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузориро бо доираи васеътаре, ки манфиати ду мамлакат ва некӯаҳволии ду халқи бародарро инъикос мекунанд, пеш барем. Ҳоло вохӯриҳои сатҳи баланд дар соҳаи иқтисоду сармоягузорӣ ва ҳамчунин дар сатҳи соҳибкорони ду мамлакат барои ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ва баръакс ва таҳкими шарикии иқтисодӣ идома доранд. Инчунин атрофи масъалаҳои сармоягузории якчанд лоиҳаи рушд, бахусус дар бахшҳое, ки иқтисоди Тоҷикистон ба он бештар тамаркуз мекунад, аз ҷумла бахши маъдан, саноат, кишоварзӣ ва энергетика баррасиҳо идома доранд. Мо атрофи ин мавзуъ ҷиддияту таваҷҷуҳи калон дорем ва аввалан бо ҳидояту супоришҳои Роҳбарияти олии ду мамлакат ва дуюм бо тасмиму талошҳои масъулин ба зудӣ дар арсаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҳамкории дуҷониба ба пешрафтҳои бузург ноил мегардад.
АМИТ «Ховар»: Назари Шумо ба робитаҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахши илму фарҳанг чӣ гуна аст?
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: Дар самти робитаҳои илму маориф мо созишномаи ҳамкорӣ дорем, ки соли 2016 ба имзо расида буд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ин соҳа низ аз ин раванд бенасиб намонад. Байни вазоратҳои маориф тамосҳои пайваста барои таҳкими робитаҳо байни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон оғоз гардида, донишгоҳҳои Тоҷикистон иқдоми густариши ҳамкориро дар соҳаи маориф ва татбиқи ин созишнома хеле хуб истиқбол намуданд. Баргузории даврҳои бозомӯзии забони арабӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон намунаи равшани ин аст. Ҳамзамон ҳоло тамосҳо барои танзими сафарҳои мутақобили вазирони маорифи ҳарду мамлакат идома доранд.
Аммо дар соҳаи фарҳанг ҳоло тарҳи созишномаи ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Имзои созишнома яке аз мавзуъҳои вохӯрии охири ман бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ӯ аз ин иқдом хеле хуб истиқбол намуд. Илова бар ин ҳоло мо барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри ар-Риёз омодагӣ мебинем. Баргузории он моҳи феврали соли оянда дар назар аст.
АМИТ «Ховар»: Дар маҷмуъ ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар кадом сатҳ аст?
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: Сайёҳӣ соҳаи хеле муҳиме аст, ки воқеан бояд мавриди муҳокимаи зичи ду мамлакати бародар қарор гирад. Баррасиҳои муштарак вобаста ба густариши ин самт идома доранд ва тарҳи ёддоштҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Вазорати сайёҳии Шоҳигарӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор доранд. Ман бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон низ мулоқот доштам ва роҳҳои густариши ҳамкориро баррасӣ кардем. Мо бори нахуст соли 2022 бо ҳузури шуморе зиёде аз намояндагони бахши сайёҳӣ Анҷумани сайёҳии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистонро баргузор кардем. Ҳамчунин ҳайати Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии шаҳри ар-Риёз иштирок намуда, имконияти бузурги сайёҳии Тоҷикистонро ба маърази тамошо гузоштанд. Аз ҷумлаи иқдоми бузурге, ки ба ин самт мусоидат намуд, ин ба роҳ мондани нахустин парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Ҷидда дар моҳи марти соли 2023 буд, ки он дар густариши соҳаи сайёҳӣ такони тоза мебахшад. Ба наздикӣ парвозҳои мустақим аз Арабистони Саудӣ ба Душанбе амалӣ мегарданд. Тоҷикистон давлате аст, ки дорои тамоми имконияти сайёҳӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо ва табиати зебоманзар мебошад. Сайёҳи Саудӣ аз гуногунрангии ин сарзамини зебо ва махсусан аз сатҳи баланди меҳмондории тоҷикона мафтун мегардад. Шумо ба зудӣ сайёҳони саудиеро хоҳед дид, ки ба назди бародарони худ ба Тоҷикистон меоянд.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон давоми ду даҳсолаи охир бо ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар Рӯзномаи ҷаҳонии об фаъол аст. Назари Шумо ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об ва иқлим чӣ гуна аст?
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: Бале, аввалан, масъалаи иқлим ва об аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки мавқеи Арабистони Саудӣ бо мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи баҳри Арал, масъалаи об ва дигар ташаббусҳое, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд, мувофиқат мекунад. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ низ дар ин замина ташаббусҳо ва барномаҳои муҳим дорад, ки аз ҷумла онҳо «Ташаббуси Саудии Сабз», «Ховари Миёнаи Сабз» ва инчунин нишастҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи сайёра аз тағйирёбии босуръати иқлимро ёдовар шудан бамаврид аст. Дар ин робита, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо ташаббуси шоҳзода Муҳаммад бин Салмон Валиаҳд Раиси Шурои вазирон аз Созмони ҷаҳонии об бо қароргоҳ дар шаҳри ар-Риёз эълон гардид. Бо назардошти нақши ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим барои пайвастан ба ин Созмон ба ҳайси давлати аъзои муассис ба унвони Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ирсол гардид ва роҳбарияти Тоҷикистон аз ин иқдом истиқбол намуданд. Ин нишони он аст, ки дар дидгоҳҳо ва мавқеъгириҳо оид ба масъалаҳои иқлим байни ду давлат ҳамоҳангӣ ва тавофуқи калон вуҷуд дорад. Бо ин мақсад ҳайати баландпояи Шоҳигарӣ таҳти роҳбарии муҳтарам вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ дар Конфронси оби Душанбе иштирок намуд. Ин баёнгари таваҷҷуҳи зиёди раҳбарияти олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба масоили обу иқлим буда, бо мавқеи бародарон дар Тоҷикистон мутобиқ аст.
АМИТ «Ховар»: Барои суҳбати пурмуҳтаво ба Шумо ташаккур мегӯям.
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: Бори дигар барои фароҳам овардани ин имконият миннатдорам ва умедворам, ки суҳбати мо рӯйдодҳои навини муносибатҳои дуҷонибаи Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистони бародарро фарогир буд. Муваффақ бошед!
Мусоҳиб Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»