Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон бо 11 медал ба Ватан баргаштанд

Сентябрь 10, 2024 18:44

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон бо 11 медал ба Ватан баргаштанд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи бокси Тоҷикистон ва дигар масъулони соҳаи варзиши мамлакат истиқбол гирифтанд.

Масъулони соҳа парчамбардоронро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои бадастоварда табрику муборакбод намуда, барояшон дар мусобиқаҳои минбаъда барору зафар таманно карданд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, соҳиби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) гардиданд.

Мусобиқа аз 27 август то 10 сентябр баргузор гардида, дар он байни мактаббачаҳо аз Тоҷикистон Анӯшервон Сиддиқов (33 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба гирифтани медали тилло шарафёб шуданд. Инчунин Дилшод Сиҷаев (35 кг) медали биринҷӣ ва Фирӯзҷон Бойматов (37 кг) медали нуқра ба даст оварданд.

Байни наврасон  Фариноз Абдуллоева (54 кг) ва Билолҷон Иксанов (54 кг) медалҳои тиллоро соҳиб шуданд. Мино Азамзода (60 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг) ва Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ин чемпионат ҳайати мукаммал иборат аз 27 нафарро (14 муштзан байни мактаббачаҳо ва 13 муштзан байни наврасон) равон намуд.

Дар ин чемпионат байни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 давлат иштирок намуданд.

Сентябрь 10, 2024 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «Париматч» дар Тоҷикистон бо амбассадори худ Давлат Болтаев нишасти матбуотӣ доир намуд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон соҳиби 11 медал шуданд
ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ВАРЗИШ. Дар Тоҷикистон теъдоди иншооти варзишӣ беш аз 9 маротиба афзоиш ёфт
Дастаи «Хатлон-2» соҳиби «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» гардид
Мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади солимгардонӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар ноҳияи Ховалинг ду майдончаи варзишии болопӯшидаи футбол ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз ёфт
«ҶОМИ МЕРДЕКА-2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо яккачини Лубнон бозӣ мекунад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Душанбе маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон баргузор мешавад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон баргузор мешавад