ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Душанбе маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон баргузор мешавад

Сентябрь 4, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мусобиқа 64 варзишгар аз 13 давлат иштирок ва байни ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳо ба таври инфиродӣ, ҷуфт ва ҷуфти омехта доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2005 доир шуда, соли 2021 ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид