Вилояти Суғд бо ширкати «Инсян Групп»-и Чин оид ба истеҳсоли мошинҳо ҳамкорӣ менамояд

Сентябрь 21, 2024 15:09

ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Инсян Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин  нақша дорад, ки дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истеҳсоли мошинҳо ба ҳамкорӣ оғоз намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд ва роҳбари ширкати «Инсян Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин  оид ба ҳамкории оянда дар ин самт мубодилаи афкор доир шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ширкати чинӣ ба истеҳсоли мошинҳои боркаши барқӣ, сабукрав, партовкашон, оташнишон, боркашони хурд, автобусу микроавтобуси барқиву дизелӣ ва мотороллерҳои барқӣ машғул мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 21, 2024 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид