Дар Тоҷикистон нақшаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе оид ба таҳияи нақшаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло (архар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2034 машварати байналмилалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вобаста ба муҳиммият ва ҳифзи гӯсфанди кӯҳии Марко Поло намояндаи Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон бо рӯнамо баромад намуд. Ҳамзамон мутахассисони соҳа оид ба таҳияи нақшаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуданд.
Мавзеи сукунати гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон Помири Шарқӣ – Мурғоб, қаторкӯҳҳои Музкол, Пшарт, Аличури Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Вахон, Сарикӯл, Зулумарт ва Пасиолой буда, инчунин дар давраи кӯчиш онҳо муваққатан ба баъзе ҳудудҳои Шуғнон, Ишкошим, Рӯшон ворид шуда, боз ба Мурғоб бармегарданд.
Гӯсфанди Марко Поло асосан дар баландии 3400 метр аз сатҳи баҳр сукунат намуда, дар фасли тобистон ба баландиҳои 6100 метр мебарояд, зеро бештар ҷойҳои салқин ва наздикии барфро дӯст медорад. Инчунин кишварҳои Афғонистон-Помири хурд ва долони Вахон, кӯҳҳои Тиёншон, Чин ва водиҳои фарохи байникӯҳӣ, нишебиҳои даштӣ, марғзорҳои алпӣ, ки дар баландии беш аз 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, муҳити сукунати гӯсфанди Марко-Поло мебошанд. Кӯчиши мавсимии гӯсфанди Марко Поло вобаста ба фасли сол доир мешавад.
Марко Поло ном гирифтани гӯсфанди помирӣ ё архар /Pamir argali/ ба номи сайёҳ ва тоҷири венетсиягӣ Марко Поло (1254-1324) иртибот дорад. Бори нахуст ин гӯсфандро сайёҳи итолиёӣ Марко Поло сабт намудааст.
АКС: АМИТ «»Ховар»








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






