Ҳайати парламентии Тоҷикистон дар Анҷуман барои вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд

Октябрь 24, 2024 16:29

ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Анҷуман барои вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 20 то 31 октябри соли равон дар шаҳри Пекин баргузор мегардад,  ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Мувофиқи барномаи анҷуман, вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон як ҳафта дар кори ҷаласаи парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.

Тибқи барномаи чорабинӣ, вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамчунин намоишгоҳи таърихи Ҳизби коммунисти Чин, Девори Бузурги Бадалинг,  осорхонаи Деянг,  осорхонаи Гуанган Сансиндуин,  бозори байналмилалии Шинҷон, боғи қадимӣ, Парки саноатии электрикӣ ва намоишгоҳи таҷҳизоти калони Шинҷон ва шаҳрҳои Ченгду ва Урумчиро тамошо менамоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2024 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид