Ҳайати парламентии Тоҷикистон дар Анҷуман барои вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Анҷуман барои вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 20 то 31 октябри соли равон дар шаҳри Пекин баргузор мегардад, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Мувофиқи барномаи анҷуман, вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон як ҳафта дар кори ҷаласаи парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.
Тибқи барномаи чорабинӣ, вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамчунин намоишгоҳи таърихи Ҳизби коммунисти Чин, Девори Бузурги Бадалинг, осорхонаи Деянг, осорхонаи Гуанган Сансиндуин, бозори байналмилалии Шинҷон, боғи қадимӣ, Парки саноатии электрикӣ ва намоишгоҳи таҷҳизоти калони Шинҷон ва шаҳрҳои Ченгду ва Урумчиро тамошо менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мешавад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд






