Дар Бадахшон дар 10 325 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақша дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 10 325 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 4842,8 гектарро ғалладонагиҳои тирамоҳию баҳорӣ, 1849,3 гектарро картошка, 774,8 гектарро сабзавот ва 2858,4 гектарро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад.
Тавре дар Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имсол дар 140 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2023 14 фоиз зиёд мебошад. Кишоварзони вилоят дар кишти такрорӣ бештар зироати ғаладонагӣ ва хӯроки чорво кишт менамоянд.
Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-сентябри имсол дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 551,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 4,1 фоиз зиёд аст.
Дар вилоят то аввали соли равон майдони боғ 2853 гектарро ташкил медод. Имсол 113 гектар боғи нав бунёд гардида, 28,6 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд.
Ҳамчунин дар вилоят барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза 243 гармхонаи мавсимӣ ва 1 гармхонаи доимӣ дар масоҳати умумии 5 гектар фаъолият доранд. Дар онҳо кабудӣ ва сабзавоти барвақтӣ парвариш ва кӯчати сабзавоти барвақтӣ омода карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд






