Дар Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест» беш аз 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» оғоз гардид. Дар назар аст, ки дар ҷараёни форум беш аз 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 200 миллион сомонӣ ба имзо расонида шаванд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, пеш аз оғози форум беш аз 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024»-ро, ки дар он дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯроквории вилояти Хатлон муаррифӣ шуданд, тамошо намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки «форум барои муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳамкории мутақобили судманд имконияти мусоид фароҳам оварда, дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя дар бунёди иқтидори истеҳсолӣ, рушди содироти маҳсулоти хушсифати экологӣ ва барвақтии тару тозаи табиӣ саҳм мегузорад».
Дар доираи форум доир ба мавзуъҳои рӯзмарраи иқтисоди рақамӣ, энергияи «сабз», истеҳсоли маҳсулоти органикӣ ва сармоягузорӣ дар тамоми бахшҳо — энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, савдо ва фанновариҳои технологӣ мубодилаи афкор доир гардид.
Гуфта шуд, ки раванди амалӣ шудани технологияҳои рақамию равзанаҳои бақайдгирии электронии шахсони ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкоронро сода намуда, ҳифзи ҳуқуқии онҳоро тақвият мебахшад. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 100 шакли имтиёзи андозу гумрукӣ ва сармоягузорӣ истифода мешавад. Ба сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи озоди ба хориҷа интиқол додани даромад ва фоида бо асъори хориҷӣ кафолат дода шудааст.
Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат тараққикунандаи мамлакат буда, дар он қариб 4 миллион нафар ё 40 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд. Дар 5 соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар вилояти Хатлон қариб ду баробар афзуда, ба 36 миллиард сомонӣ расид. Суръати миёнаи афзоиши маҷмуи маҳсулоти умумии минтақа дар ин давра бештар аз 7,5 фоизро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» то 18 октябр идома меёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид






