Дар ноҳияи Шуғнон Маркази шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон Маркази шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маркази шуғли фосилавӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд — Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва Иттиҳоди Аврупо барои таъмини сокинони ин минтақаи дурдасти ҷумҳурӣ бо шуғл ба истифода дода шуд.
Марказ барои фароҳам овардани имконияти корӣ ва баланд бардоштани малакаҳои рақамии ҷавонони минтақа пешбинӣ шудааст. Тавассути ин марказ ҷавонону касбомӯзон имкон пайдо мекунанд, ки ба бозори байналмилалии меҳнат дохил шуда, аз имконоти мавҷуда васеъ истифода намоянд.
Солҳои охир мо шоҳиди рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва тағйироти куллӣ дар бозори меҳнат мегардем. Зуҳури бемории ҳамагири COVID-19 бисёр ташкилоту корхонаҳоро водор ба он намуд, то ба шакли шуғли фосилавӣ гузаранд. Бо вуҷуди ба миён омадани ташвишҳои нав имконияти хуб барои рушди касбӣ ва таълимӣ фароҳам омад.
Таъсиси маркази шуғли фосилавӣ, ки самти фаъолияташ ба таълими шуғли фосилавӣ равона шудааст, қадами муҳим барои кумита ва дар маҷмуъ, барои ҷомеаи мадании мо мебошад. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд иқдом гирифтааст, ки теъдоди чунин марказҳоро дар ҷумҳурӣ зиёд намояд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Панҷакент ва Бохтар марказҳои кории фосилавӣ фаъолият мекунанд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






