Дар Норак даври шаҳрии Фестивали вилоятии «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор шуд

Октябрь 25, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври шаҳрии Фестивали вилоятии «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Меҳмонони фестивал бо намоиши ҳунарҳои мардумии занони шаҳр шинос шуданд.

Иброз гардид, ки либоси миллӣ оинае аст, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Тавре Президенти Тоҷикистон таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону занонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсозамон, ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон аз либосҳои миллӣ, матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бохабар бошем. Мо бояд ба қадри фарҳанги волои тоҷиконаи худ бирасем ва иффату зебоии занонаамонро ҳамеша нигаҳбон бошем, занону ҷавондухтаронро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештанпарастӣ тарбия намоем ва аз либоси миллии худ ифтихор дошта бошем.

Дар ҷамъомад ба як зумра фаъолзанону духтарони ҳунарманд Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва туҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.

Барномаи рангини ҳунарӣ бо шеъру таронаҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардид.

АКС:Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

 

Октябрь 25, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд