Дар шаҳри Душанбе конфронси минтақавии коршиносон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал» конфронси минтақавии коршиносон оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Конфронси минтақавӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ (UNODC) доир карда мешавад.
Дар конфронси минтақавӣ коршиносони хориҷӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва намояндагони UNODC иштирок доранд.
Зимни конфронс коршиносон ҳадафҳо, вазифаҳо, равишҳои асосии ташкил ва воситаҳои имконпазир барои тафтиши ҳамаҷонибаи поктинатиро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон дар ҳамоиш аз ҷониби коршиносон таҷрибаи давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон дар истифодаи санҷиши поктинатӣ ва дурнамои татбиқи он дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.
Конфронси минтақавии коршиносон дар мавзуи «Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал» давоми ду рӯз дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






