Дар Тоҷикистон барои рушди варзиши камонварӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад
ДУШАНБЕ, 08.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен рушди варзиш, аз ҷумла намуди камонварӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иброз шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзиши камонварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар вилояти Суғд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ таъсис дода шудааст.
Котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен, ки ба сифати меҳмон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт, гуфт, ки дар оянда низ чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд.
Ё
довар мешавем, ки дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ доир шуд, ки дар он беш аз 100 варзишгар ва мураббӣ иштирок намуданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Федератсияи камонварии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд.
Ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ медалу мукофоти пулӣ ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






