Дар вилояти Хатлон ба маблағи 8,44 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
ДУШАНБЕ 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон имсол ба маблағи 8,44 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки бо назардошти нархҳои муқоисавӣ суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,0 фоиз зиёд шуда, ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 22,6 фоизро ташкил додааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи Солҳои рушди саноат (2020-2026) бунёди 500 корхонаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора соли 2020 — 37 корхона, соли 2021- 123 коргоҳу корхона ва соли 2022- 106 корхона ба истифода дода шуд. Тибқи тадбирҳои андешида, то охири соли 2026 сохтмони зиёда аз 200 корхонаи нав пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон беш аз 2 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шуд. То 1 октябри соли равон тибқи нақшаи пешакӣ дар вилоят аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 3540 биною иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






