ФУТБОЛ. «Равшан» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои КФО-2024/25 бо дастаи «Ал-Вақра» бо пироҳани сурху сафед бозӣ мекунад

Октябрь 1, 2024 17:56

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024/25   байни  дастаҳои футболи «Равшан»-и  Тоҷикистон   ва  «Ал-Вақра» –и  Қатар  баргузор  гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  футболи  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони  дастаҳои  футболи  «Равшан»-и Тоҷикистону «Ал-Вақра»-и  Қатар ва масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шуданд. Бояд гуфт, ки дар рақобат футболбозони «Равшан» бо пироҳанҳои сурху  сафед ва дастаи меҳмон-  «Ал-Вақра» –и  Қатар  бо либосҳои зарду сабз  ба майдон мебароянд.

Вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё-2024/25 байни дастаҳои футболи  «Равшан»-и Тоҷикистон  ва «Ал-Вақра»-и  Қатар, пагоҳ 2,  октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00  ба  вақти Душанбе аст.

                                                  АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 1, 2024 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид