Имрӯз 30 нафар соҳибкорзанон соҳиби гранти Раиси вилояти Хатлон гардиданд

Октябрь 17, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» ба 30 нафар соҳибкорзанон ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ гранти Раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 тақдим гардид.

Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, грантҳои раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардидаанд.

Дар вилояти Хатлон 31 264 нафар занони соҳибкор расман фаъолияти инфиродиро рушд медиҳанд. 19 084 нафари онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна байни занону духтарон аз соли 2021 то соли 2023 ба 63 нафар занони соҳибкори вилоят гранти Раиси вилояти Хатлон дастрас карда шуд. Ин грантҳо ба рушди бахшҳои гуногуни соҳаҳои кишоварзӣ ва ҳунармандӣ равона гардидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

Октябрь 17, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд