ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО САРАТОНИ ҒАДУДИ ШИРӢ. Солҳои охир ҷавоншавии ин беморӣ ба назар мерасад

Октябрь 15, 2024 14:13

ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо саратони ғадуди ширӣ муқаррар шудааст. Ин рӯз аз ҷониби  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  аз соли 1993 эълон гардидааст. Ҳадафи ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба бемории саратони ғадуди ширӣ ва  пешгирии он мебошад.

Ба иттилои мутахассисон, шумораи гирифторони бемории саратон ҳамасола меёафзояд Тибқи таҳлилҳои ҷаҳонӣ, дар як сол 2 миллиону 200 ҳазор занон дар ҷаҳон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Он яке аз бемориҳои ташвишовар дар ҷаҳон ва Тоҷикистон дониста мешавад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» табиби шуъбаи маммологӣ ва ҷарроҳиҳои реконструктивию барқарорсозии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурабек Обидов иброз намуд, бемории ғадудҳои шириро бо чашм дида намешавад. Ғадудҳои ширӣ дар организми зан боиси  чандин омилҳо, ба мисли  зарб хӯрдани ғадудҳои ширӣ, бенаслӣ ё баръакс, таваллуди бисёр, муносибати маҳрамонаи номураттаб ё бетартиб, ҳар гуна бемориҳои занона, сироятёбии узвҳои репродуктивӣ (бачадон, тухмдон) аз ҳар гуна инфексия, бемориҳои ғадуди сипаршакл ва системаи асаб мегарданд.

Инчунин он дар бадани заноне, ки доруи зидди ҳамлро зиёд  истифода мебаранд, низ хатари ба саратони ғадуди ширӣ гирифтор шуданро зиёд мекунад. Пеш аз он ки зан чунин доруҳоро  истеъмол намояд, бояд аз муоинаи мутахассиси амрози занона ва саратоншинос гузарад. Дар ҳолати набудани хавфи чунин бемориҳо сипас занҳо метавонанд чунин ҳабҳоро истеъмол намоянд.

Дар асоси мушоҳидаҳои бисёрсолаи мутахассисони саратоншинос, саратони ғадудҳои ширӣ метавонад аз модару модаркалон ва холаву амма ба духтар- фарзандон гузарад.

Ба андешаи Ҷурабек Обидов, саратони ғадуди ширӣ беморие аст, ки дар марҳилаҳои аввали пайдоиш аз худ дарак намедиҳад.  Имрӯзҳо ҷавоншавии  ин беморӣ ба назар мерасад. Дар ҳолати мушоҳида намудани сахтӣ, омосҳо ва ё кулӯлаҳои саққомонанд  дар ғадуди шир занон бояд сари вақт ба табибон муроҷиат кунанд. Зеро бемориро метавон сари вақт пешгирӣ намуд.  Ё ин ки бо муроҷиати саривақтӣ ба табибон дар марҳилаи аввали беморӣ ҷарроҳии узвнигоҳдоранда гузаронида мешаванд, ки бо ин роҳ   хунравӣ ва пӯсиши омос пешгирӣ карда мешавад. Дар ҳолати сари вақт табобат нагирифтан хавфи паҳншавии беморӣ зиёд шуда, он реша медавонад.  Аз ин рӯ занҳо бояд дар марҳилаҳои аввали  беморӣ ба табибон муроҷиат кунанд.

Нишонаҳои ин беморӣ дард, сихзанӣ, сӯзиш ва бехобӣ мебошанд. Дар ҳолати дер муроҷиат намудан варам то даст ва тахтапушт рафта, зан бо шикам хобида наметавонад.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки баъди 30-35-солагӣ, дар ҳар ду сол як маротиба зан бояд аз ташхиси маммография гузарад. Чуноне маълум аст, саратон бедард ҷараён мегирад ва давраи ташаккулаш ҳам бедард мегузарад. Омос чун нахӯд, чун тухм ё чун себ пайдо шуда, аммо дард намекунад. Бо мурури вақт пистонакҳо дарун рафта, аз нӯги сина хун ё моеъ таровиш меёбад ва дар сина чуқурак ё шакли майдонча пайдо мешавад.

«Байни занон бемории мастопатия- варами хушсифати ғадудҳои ширӣ низ бештар мушоҳида мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки он табобатшаванда буда, ду навъ дорад: мастопатияи диффузӣ (норавшан) ва мастопатияи мавқеӣ. Мастопатияи мавқеӣ омоси хушсифат аст ва бо роҳи ҷарроҳӣ омосро мегиранд. Дар ҳолати бадсифат будани омос ғадуди ширӣ бо усули коркардшудаи стандартҳои ҷаҳонӣ табобат карда мешавад. Агар бемор нисбат ба ин омос беэътиборӣ намояд ё ин ки худсарона табобат намояд, оқибат ба бемории саратони ғадуди ширӣ гирифтор мешавад»,-гуфт табиб.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки занони гирифтори ин беморӣ бояд аз истеъмоли қаҳва, чойи сиёҳ, шоколад, какао, кола, равғани думба, тундӣ ва тезӣ парҳез намоянд. Зеро дар таркиби қаҳва моддаи кимиёвии метилксантин мавҷуд аст, ки миқдори эстрогенҳоро зиёд мекунад ва эстрогенҳо дар намуди гиперплазия таъсири манфӣ  мерасонанд. Хӯрдани дорувории витамини Е-дор, биринҷ, помидор, бодиринг, тухм, карам, фалла, лӯбиё, нахӯд, наск, шалғам, чормағз, мавиз, ки аз витаминҳои гурӯҳи А, В1, В6, С ва микроэлементҳо бой мебошанд, мумкин аст.

Ҷурабек Обидов иброз намуд, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат тамоми шароит муҳайё аст.

«Агар бемор сари вақт ба мо муроҷиат намояд, ё табобатро дар вақташ иҷро намояд, метавонад оҳиста-оҳиста  аз ин беморӣ халос шавад. Аммо имрӯзҳо бештари занони мо ба эҳсосот дода шуда, сари вақт ин бемориро муолиҷа намекунанд ва оқибат ба марҳилаи 3 ва 4 ин беморӣ гирифтор мешаванд. Дар ин марҳилаҳо раванди табобат ва пешгирии беморӣ мушкил мешавад.

Бояд таъкид намоям, ки агар бемор руҳафтода нашуда, тамоми фармудаҳои табибонро риоя намояд ва табобатро ба анҷом расонад, дараҷаи 3 ва 4-и саратон низ табобат мешавад. Беморони марҳилаҳои 3 ва 4-и саратон асосан тавассути маводи баландсифат ва кимиётерапия табобат карда мешаванд»,-иброз намуд Ҷурабек Обидов.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Октябрь 15, 2024 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ баррасӣ шуд
Оид ба татбиқи Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Тоҷикистон ҷаласа доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лӯбиёро дар зарфҳои шишагин бояд захира намуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 258 нафар соҳибкасб гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
ҲИФЗИ НАЗМУ ТАРТИБОТ ВА СУБОТУ ОРОМӢ. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад
СИТРУСПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 7 навъи меваи ситрусиро парвариш менамояд
«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ҒАМХОРИ МО». Дар Душанбе озмуни шаҳрӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд сокинони шаҳри Турсунзода ройгон ташхис карда шуданд
ҶИНОЯТКОРӢ БАЙНИ НОБОЛИҒОН ТАШВИШОВАР БОҚӢ МЕМОНАД? Баҳри пешгирии он чӣ бояд кард?
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад