КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ. Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Душанбе бо ташаббуси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия – санади тақдирсози миллат» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро хабар доданд, дар конференсия дар бораи аҳамияти бузург доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми қонунгузории мамлакат сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки таҷлили 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб мешавад, барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 30 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллиро амалӣ намуданд, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон таҳким ёфт.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари қабули Конститутсия дар асоси талаботи он фаъолият намуда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мунтазам иқдоми созандаро амалӣ менамояд.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи ҷумҳурӣ, яъне ба сӯи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи боэътимод гузоштааст.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд






