Корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «SIAL» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 октябри соли равон дар шаҳри Парижи Фаронса Намоишгоҳи бузурги байналмилалии «SIAL» баргузор мегардад, ки дар он 6 корхонаи коркарди хушкмеваи шаҳри Исфара иштирок ва маҳсулоти ватаниро муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ хабар доданд.
Ин корхонаҳо «Баракат Исфара», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Водии меваҳо», «Висол», ҳамчунин «Меваи заррин» мебошанд. Онҳо дар намоишгоҳи бузурги ғизо ва нӯшокӣ дар байни 7500 иштироккунандаи дигар маҳсулоти тозатаринро ба ҳазорон тамошобинон аз саросари дунё намоиш медиҳанд.
Ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин намояндагони боз ҳафт корхонаи дигар, Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон (МАПЭСТ) ва Ассосиатсияи соҳибкорони Хатлон ҳамчун тамошобин ҳамроҳ шудаанд.
Корхонаҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ дар доираи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Намоишгоҳ ба корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкони хуб фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияти худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюли нави бозор дар сатҳи ҷаҳонӣ шинос шаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






