НЕРУИ БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Дар сохтмони биноҳо, иншоот ва хонаҳо бояд талаботи муосири сарфаи энергия пешбинӣ шавад

Октябрь 18, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар низоми энергетикии мамлакат бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир, аз ҷумла навсозиву барқароркунии иқтидори истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ иншооти бузурги тавлидоти неруи барқ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.

Истифодаи самараноки неруи барқ дар ҳамаи зинаҳо- аз нуқтаи истеҳсол то нуқтаи охирини истифода муҳим буда, ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи он бояд диққати ҷиддӣ дод. Дар ҳамаи ҳолатҳо набояд неруи барқ ба таври ғайримақсаднок ва исрофкорона истифода шавад, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Хайруллозода.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бо татбиқи усулҳои одии сарфаи энергия дар фаслҳои сармо ва гармӣ метавон хароҷот барои гарм ё хунук кардани хонаҳои истиқоматию утоқҳои корӣ ва хобгоҳҳоро хеле кам кард.

Махсусан, дар мавсими зимистон хароҷот барои гарм кардани биною иншоот, новобаста аз шакли фаъолият ва манзилҳои истиқоматию утоқҳои корӣ хеле зиёд мегардад.

«Сарфаю сариштакорона истифода кардани энергия бо иродаи қавӣ дар амал татбиқ кардани якчанд тадбирҳоро аз тарафи роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва сардорону аъзои оилаҳо талаб менамояд. Агар ҳар шахс ё шаҳрванди Тоҷикистон дар самти сарфаю сариштакорона истифода намудани неруи барқ тасаввуроти кофӣ дошта бошад ва тибқи он амал намояд, вазъи молиявию иқтисодӣ ва ҳаёти иҷтимоияш хеле беҳтар гардида, захираҳои энергетикӣ низ дар мамлакат сарфа мешаванд»,-афзуд корманди масъули вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар сохтмони биноҳо, иншоот ва хонаҳо бояд талаботи муосири сохтмонӣ оид ба масъалаи сарфаи энергия пешбинӣ шавад, зеро биною иншоот ва хонаҳои бо назардошти сарфаи энергия сохташуда хароҷоти оилаҳоро аз 2 то 10 баробар кам менамоянд. Барои шаҳрвандон якчанд усули хеле сода ва самаранок мавҷуд ҳастанд, ки бо риояю амалинамоии онҳо бо хароҷоти камтарин метавон бо энергияи зарурии барқу гармӣ таъмин гардид.

Инчунин муҳим аст мардум бидонанд, ки ҳар киловатт-соати энергияи барқи истифодакардаашон аз истеҳсол, интиқол ва тақсимоти он осон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки ҳаҷми барқи истифодакарда ва маблағҳои барои он пардохткардаашонро ба таври доимӣ таҳлил карда, бо ҳисоби миёна дар моҳҳо ва солҳо муайян намоянд, ки агар онро бо риояи роҳҳои сарфанамоӣ истифода баранд, ба буҷаи оила то кадом андоза манфиат ворид мешавад.

-Дар раванди истеҳсоли энергияи барқ маблағҳои бениҳоят зиёд масраф мешаванд ва дар ин соҳа шумораи зиёди кормандон фаъолият доранд. Дар айни замон дар миқёси ҷаҳон нархи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагон арзонтарин ба ҳисоб меравад,- мегӯяд корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат.

Солҳои охир аз ҳисоби пайвастшавиҳои нав, ба монанди биноҳои баландошёнаи истиқоматию корхонаҳои шакли фаъолияташон гуногун ва ғайра истифодаи энергияи барқ афзоиш меёбад. Аз ин ҳисоб ва исрофкорона истифода кардани барқ аз тарафи мардум, масхусан дар фасли сармо дар системаи энергетикӣ серборӣ эҷод шуда, садамаҳои зиёд ба вуқуъ меоянд.

“Ҳар садама дар системаи энергетикӣ муҳлати таҷҳизоти барқӣ ё муҳлати истифодаи онҳоро кӯтоҳ менамояд. То барқарор кардани садамаҳо истифодабарандагон дар фасли сармо бе барқ монда, зарари назарраси иҷтимоӣ мебинанд. Дар навбати худ барои ивазу барқарор кардани садамаҳо низоми энергетикӣ бояд маблағҳои зиёд хароҷот намояд”,- таъкид намуд ҳамсуҳбатамон.

Аз ин рӯ бояд шаҳрвандон дар барқтаъминкунии биною хона ноқилҳоро дуруст интихоб намоянд ва аз истифодаи ноқилҳои буриши кундалангиашон хурд даст кашанд. Дар ҳолати мавҷуд будани имконият аз ноқилҳои мисӣ истифода кардан муфидтар аст.

Ба андешаи мутахассиси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ғайриқонунӣ ё бе иҷозат ва надоштани шартнома истифода кардани энергияи барқ мумкин нест. Берун аз ҳисобгираки барқӣ низ истифода кардани барқ қатъиян манъ мебошад. Шаҳрвандон ин гуфтаҳоро бояд риоя намоянд ва ба дигарон низ фаҳмонанд. Агар аз тарафи ягон ҳамсоя ё нафарони дигар ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи барқро мушоҳида кардед, бояд сари вақт ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ё дигар мақоми дахлдор хабар расонед, ки ин амал ба манфиати ҳамагон аст. Бо ин амал шумо ба таври боэътимод ва босифат бо энергияи барқ таъмин буданатонро ҳифз менамоед.

Таҷҳизоти кӯҳнаро тадриҷан бо дастгоҳҳои нав иваз кунед. Телевизорҳо ва чангкашакҳо, яхдонҳо ва мошинҳои либосшӯйию табақшӯйӣ аз рӯи стандартҳои имрӯзаи сарфаи энергия хеле муфиданд. Ҳама асбоби барқии маишӣ ба синфҳои самаранокии энергия тақсим карда шудаанд. Дараҷаи баландтарини самаранокии энергетикӣ бо ҳарфи лотинии A, пасттарин — G ишора карда мешавад, ки дар шиноснома ва ё маълумотномаи корхонаи истеҳсолкунанда нишон дода шудааст.

Инчунин ба ҷои фурӯзонакҳои тафсон чароғакҳои светодиодӣ истифода намоед, зеро як чароғи 20-ваттаи светодиодӣ баробари як фурӯзонаки 100-ватта рӯшноӣ медиҳад. Яъне, он қувваи барқро 5 маротиба камтар истифода менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 18, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ҷониби кормандони ҳифзи давлатии ҷангал нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 1686 санад тартиб дода шуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар раванди тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои Тоҷикистон нақши муассир дорад
Дар Бохтар аввалин Созишнома оид ба рушди инфрасохтори соҳаи варзиш ба имзо расид
Намояндагони Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ғолиб гардиданд
«ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«Сомон Эйр» барои харидории ду ҳавопаймои Boeing 737-8 бо ширкати «DAE Capital» -и Амрико созишнома ба имзо расонд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба маблағгузории ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 22,4 миллиард кВт-соат неруи барқ ва зиёда аз 1,3 миллион Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст
Соли 2024 дар 3239 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал иҷро гардид
Соли 2024 аз Тоҷикистон ба беш аз 26 давлати хориҷӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
«Тоҷикаэронавигатсия» соли 2024 ба 71 ҳазору 459 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон панҷ барномаи давлатӣ барои беҳтар намудани заминҳои кишоварзӣ амал менамояд