Саммити роҳбарони корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Истанбул доир шуд

Октябрь 18, 2024 16:45

ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Саммити дуюми роҳбарони корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Ташкилоти хизматрасонии аэронавигатсионӣ (CANSO Euro/Central–Asia ANSPs Second CEO Summit) дар шаҳри Истанбул баргузор шуд, ки дар он намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия».

Дар саммит таҳаввулоти сохтори ҳаракат дар фазои ҳавоии Аврупо ва Осиё ва таъсири он ба низоми аэронавигатсионӣ, консепсияи амалиёт барои минтақа ва инчунин дигар масъалаҳои муҳими такмили идоракунии ҷараёни ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа баррасӣ шуданд. Доир ба беҳтар намудани хизматрасонии аэронавигатсионӣ, таъмини бехатарӣ, самаранокӣ ва иқтидор дар рушди соҳаи авиатсия қарорҳо ва стратегияҳои муштарак қабул шуданд.

Дар ҳошияи саммит муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода бо муовини Саридораи фурудгоҳҳои давлатии Туркия (DHMI) Ҷенгиз Пашаоғлу мулоқот намуд. Зимни он масъалаи истифодаи хатсайри нави ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» баррасӣ гардид.

Ҳамкории нави роҳбарони ANSP-ҳо ба беҳтар намудани таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ байни корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии минтақаи Авруосиё, таҳия ва татбиқи раванди қабули қарорҳои муштарак равона шудааст.

АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»

 

Октябрь 18, 2024 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд