Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Шаҳбоз Шариф ва Ли Тсян мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар доираи ҷаласаи 23-уми Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)- и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Исломобод Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду давлат аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай марҳила ба марҳила рушд менамоянд.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф Тоҷикистонро яке аз давлатҳои шарики асосии худ дар минтақа арзёбӣ намуда, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат ва фарҳангию маърифатӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинишуда байни ҳарду давлат имконияти фаровон мавҷуд аст.
Инчунин, 15 октябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва роҳу нақлиёт аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисиони Чин низ ёдоварӣ карда шуд.


АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд






