СИТРУСПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд

Октябрь 31, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд. Бунёди ин боғҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирифта шудааст. Ин матлабро профессор Саидалӣ Гулов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ боғҳои ситрусӣ 438 гектарро ташкил медиҳанд. Ин гуна боғҳо дар гармхонаҳо, хандақҳо ва нимхандақҳо бунёд шудаанд. Мо бояд аз захираҳои беҳамто, иқлим, хоку об ва неруи пуриқтидори истеҳсолии мамлакат ба таври зарурӣ истифода барем. Дар истеҳсолоти кишоварзии имрӯза яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ ситруспарварӣ ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи мутахассиси соҳа, ба парвариши меваҳои растаниҳои ситрусӣ, хусусан дар хандақ аз солҳои 30-юми асри гузашта олимони Тоҷикистон асос гузошта буданд. Баъдан ин усули парвариши растаниҳои ситрусӣ дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ривоҷ ёфт. Олимони тоҷик бунёдгузори усули дар хандақҳо парвариш кардани растаниҳои ситрусӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Инчунин минтақа, хок ва обу ҳавои Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои парвариши меваҳои ситрусӣ созгор мебошад.

Дар Тоҷикистон водии Вахшу Ҳисор ва митақаҳои Кӯлоб, хусусан ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Муъминобод барои парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ мебошанд. Зеро тобистони ин ноҳияҳо сард ва дуру дароз нест.

Мушкилоти асосӣ барои рушди соҳа ин аст, ки парвариши ин навъҳо нигоҳубин ва таваҷҷуҳи махсус талаб менамояд. Растаниҳои ситрусӣ рӯшноидӯст ва гармидӯст буда, ба хунукӣ тобовар нестанд.

Саидалӣ Гулов иброз намуд, ки Тоҷикистон ватани меваҳои субтропикӣ аст. Бояд кишоварзон аз имконияти мавҷуда самаранок истифода намуда, ба боло бурдани ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулот мусоидат намоянд. Меваҳои ситрусие, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбанд, аз ҷиҳати маззаю хушбӯӣ ва сифат дар ҷаҳон ҳамто надоранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 31, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд