Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Сингапур Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо Президенти Ҷумҳурии Сингапур Тарман Шанмугаратнам мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур мавриди муҳокима қарор гирифта, самтҳои афзалиятноки муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, канданиҳои фоиданок, молия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, бонкдорӣ, рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногун, инчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
Тарман Шанмугаратнам ҳамчун аъзои Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисоди об яке аз ҳаммуаллифони гузориши «Иқтисоди об» ба ҳисоб рафта, дар пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об, ки бо ҳамраисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Ню Йорк баргузор гашт, саҳми муносиб гузоштааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Сингапурро дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ баррасӣ намуда, баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обро дар Душанбе дар соли 2028 барои тақвият бахшидани масъалаи об муҳим арзёбӣ намуданд.
Султон Раҳимзода ба Тарман Шанмугаратнам барои ҳамкорӣ дар ин самти муҳим изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамчунин ӯро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






