Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 22, 2024 11:09

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» хабар доданд, ваколатдори махсуси Вазорати корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврпои шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ Конрад фон Штрауссенбург бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Ҷумахон Файзализода вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот ба рақмикунонии китобхона таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҷумахон Файзализода  иброз намуд, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон   350 000 китоб ба шакли электронӣ гардонида шудааст.

Дар вохӯрӣ ба Конрад фон Штрауссенбург китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих». «Аз Ориён то Сомониён» туҳфа гардид. Мавсуф иброз намуд, ки  китоби мазкур  ҳамчун ёдоварӣ дар Китобхонаи миллии Олмон гузошта мешавад.

Мавриди ёдоварист, ки вазифаи Институти Гёте  густариши забон ва фарҳанги олмонӣ дар берун аз марзҳои ин давлат мебошад. Аз 157 маркази ин муассиса 12 адад дар дохил ва 145 маркази он  дар хориҷ аз Олмон қарор дорад. Дар доираи фаъолияти педагогӣ ин ташкилоти бонуфуз инчунин барои давом додани омӯзиши забони олмонӣ маводи бешуморе барои донишомӯзон пешниҳод мекунад.

АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2024 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд