«Дафтари Порис» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд

Ноябрь 7, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи фарҳангии ЭКО китоби Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Қутбӣ Киром «Дафтари Порис»-ро зимни ҳамоиши фарҳангӣ бо иштироки сафирон ва донишмандони давлатҳои аъзои ЭКО муаррифӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.

Дар ҳамоиш мудири иҷроии Муассисаи фарҳангии ЭКО Муҳсини Исмоилифард паёми Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО Саъд Хонро ба иштирокдорон расонида, гуфт, ки «китоби «Дафтари Порис» фақат сирф шеъри як шоир нест, балки ба андозаи чанд достон мушоҳида, баёни нуктаҳои зариф ва шоиронаро пешниҳод намудааст. Хонанда дар ин китоби арзишманд ба дунёи шеърии шоир вуруд пайдо мекунад, сурудаҳои суханвари камназирро бо хати форсӣ, кириллӣ ва забони фаронсавӣ мехонад ва шиносоии мухотабро барои фарогирии забон ва хат фароҳам месозад. Шоири тоҷик дар ин китоб фақат ба унвони гӯянда худро матраҳ наме‎кунад, балки ба унвони мутафаккири огоҳ ва фаҳим дасти хонандаро ме‎гирад ва ӯро бо шебу фарози таърих, авзои иҷтимоӣ ва сиёсии Фаронса шинос ме‎созад».

Дар ҳамоиши фарҳангӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар бораи шахсияти адабӣ ва вижагиҳои китоби Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром –«Дафтари Порис» сухан намуд.

Сафири Тоҷикистон афзуд, ки Қутбӣ Киром дар адабиёти муосири тоҷик ҳамроҳ бо Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Аскар Ҳаким ва дигарон аз пешгомони шеър маҳсуб мешавад, ки дар ташаккули шеъри муосири тоҷик нақши басазо гузоштаанд. Шеъри тоҷик дар ҳақиқат бо номи ин шоирони соҳибном марбут аст ва онҳо барои баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа бо сурудани ашъори ҳамосӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқию ишқӣ дар адабиёти тоҷик саҳми босазо доранд. Қутбӣ Киром 40 сол дар адабиёти тоҷик фаъолияти адабӣ дошт ва қариб 35 китоб аз маҷмуаи шеър, манзума, филмнома, драма ва қисса ба адабиёт тақдим намуд. Шоир Қутбӣ Киром солҳои зиёд дар нашриёти «Адиб» осори шоирони классикро ба ҳуруфоти кириллии тоҷикӣ тасҳеҳу таҳия намудааст».

Сафири Тоҷикистон дар Эрон таъкид намуд, ки рисолати Муассисаи фарҳангии ЭКО кашф ва шинохти чеҳраҳои матраҳи фарҳангӣ ва муаррифии онҳо ба мардумони минтақа ва ҷаҳон аст. Минтақаи мо зодгоҳи бузургоне, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Низомӣ, Ҷомӣ… аст ва имрӯз низ ин сарзамини шоирхезу адабпарвар заминаҳои рушди фаровон дорад».

Дар ҳамоиши фарҳангӣ филм оид ба шеърхонии устод Қутбӣ Киром, ҷашни ӯ дар зодгоҳаш-деҳаи Урметан ва суханронии устод Озарахш пахш шуд.

Дар анҷоми ҳамоиши фарҳангӣ китоби «Дафтари Порис», ки чанде пеш бо иқдоми коршиноси Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо ба хати форсӣ баргардон ва дар нашриёти «Орван» чоп гардид, рӯнамоӣ гардид.

АКС: Муассисаи фарҳангии ЭКО

 

Ноябрь 7, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад