Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҳамоҳангии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки 20 ноябр дар тамоми дунё Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил гардида, он ба некӯаҳволии кӯдакон дар саросари ҷаҳон равона шудааст.
Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва ба муносибати таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид. Имсол аз тасвиби ин Конвенсия 31 сол сипарӣ гардид.
Дар мамлакат барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






