Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад

Ноябрь 25, 2024 13:38

ДУШАНБЕ, 25.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26-28 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодии навбатии СПЕКА-2024 (Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) дар мавзуи «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

СПЕКА (Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) соли 1998 бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис шудааст. Ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад. Давоми солҳои фаъолият Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба масъалаҳои муҳим, ба мисли савдои устувор, рақамикунонӣ, обу энергетика ва нақлиёт диққати махсус медиҳад.

Форуми иқтисодии навбатии СПЕКА-2024 (Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СПЕКА соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Душанбе баргузор мегардад.

Ин чорабинии сатҳи баланд нақши калидии Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори рушди минтақавӣ нишон дода, дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди «сабз» ва ҳамкории минтақавӣ аҳамияти махсус дорад.

Дар кори форум зиёда аз 100 намояндаи кишварҳои аъзои Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, дар самтҳои калидии рушди минтақавӣ ва ҳамкории муштарак мубоҳиса мекунанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2024 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад