Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд

Ноябрь 26, 2024 15:04

ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табибони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  ба нуқсон ва иллатҳои ирсии модарзодии тифл дар дохили батни модар ва роҳҳои пешгирии он табодули таҷриба намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мутахассисони эронӣ дар шаҳри Душанбе 22 нафар зани ҳомиларо аз ташхис гузаронида, нуқсон ва иллатҳои ирсии модарзодии тифл дар дохили батни модарро муайян намуданд.

Ҳамчунин барои табибони тоҷик доир ба ташхисҳои муосири тиббӣ дар самти дарёфти нуқсону иллатҳои модарзодии тифл ва навгониҳои ташхиси бемориҳои занона даври омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ҳадаф аз табодули таҷриба ва омӯзиш бо иштироки мутахассисони варзидаи кишварҳои хориҷӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон, савияи донишу таҷриба ва малакаи мутахассисони ватанӣ ба шумор меравад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад