Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад

Ноябрь 25, 2024 17:35

ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло бо дастгирии Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа ба маблағи умумии 145,0 миллион  доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаҳои маориф, ирригатсия ва энергетика мавриди татбиқ қарор доранд. Дар ин хусус  24 ноябр дар шаҳри Риёз зимни вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори Фонди Саудии Рушд Султон Ал – Маршад иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар доираи Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ  дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Хамчунин дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо Фонди Саудии Рушд,  ҳамкории созандаи дуҷониба дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт ва обёрӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар солҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Саудии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои мухталифи сармоягузорӣ 296,7 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америко ҷудо намудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои муҳими таъмини рушди мамлакат, аз қабили саноату кишоварзӣ, энергетика, рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби нӯшиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва табдил додани онҳо ба роҳҳои муосири байналмилалӣ баён намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2024 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад