Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад

Ноябрь 29, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии норасоии микронутриентҳо дар организми инсон лоиҳаи «Дастгирии чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббии Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ» амалӣ мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 27 ноябр дар вазорат ҳамоиш оид ба муаррифии лоиҳа доир шуд.

Ҳадаф аз лоиҳа пешгирии норасоии микронутриентҳо дар организми инсон ва бемориҳои вобаста ба он (ҷоғар, камхунӣ, норасоии найчаи асаб ва ғайра) тавассути таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани фаъолияти байни идораҳо, назорати сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонида, таъсиси низоми пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд бо роҳи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо микронутриентҳо дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин дар ҳамоиш доир ба вазъи имрӯзаи солимии занони ҳомиладор ва нишондиҳандаҳои солимии кӯдакони аз 6 то 59-моҳа, нақшаи кории лоиҳаи «Дастгирии чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ», беморшавии кӯдакони то 59-моҳа вобаста ба норасоии иловаҳои витаминӣ, нақша ва амалигардонии «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», аҳамияти микронутриентҳо барои солимии занони ҳомила ва инкишофи дохилибатнии ҷанин, аҳамияти иловаҳои витаминӣ барои рушди кӯдакони аз 6 то 59-моҳа, таҷрибаи шарикон оид ба рушд дар мубориза бо норасоии микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ва дигар мавзуъҳо мубодиаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад