Дар Тоҷикистон панҷ навъи анор парвариш мешавад

Ноябрь 4, 2024 16:04

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 2 ноябр дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон доир гардид, ки дар он хоҷагиҳои анорпарвар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни анорро пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Фестивал барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам овард.

Тавре директори Институти боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов ба АМИТ «Ховар» баён намуд, «дар Тоҷикистон панҷ навъи анор парвариш карда мешавад. Давраи афзоиши анор аз 180 то 215 рӯз, рушди меваҳо аз 120 то 160 рӯзро ташкил дода, дар соли 3-юм ниҳоли он мева медиҳад ва то 50-70 сол умр мебинад. Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст».

Дар ҷумҳурӣ анор дар бештари минтақаҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ парвариш карда мешавад. Анор танҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳ, махсусан дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва қисмате аз водии Рашд барои парвариш созгор нест.

Дар вилояти Хатлон мавсими пухта расидани анор охири моҳи август, моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр мебошад. Зиёда аз 60 фоизи анор дар ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи сентяб пухта мерасад. Инчунин шаҳри Норак макони анорпарварӣ дониста мешавад. Дар шаҳри Норак 207 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 131 гектар ҳосилдеҳ буда, боқимонда боғҳои кӯҳна ва навбунёд мебошанд. Оғози ҷамъоварии ҳосили анор аз 5 октябр оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Тамоми боғоти анори ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ниҳолҳои ватанӣ мебошад. Дар ин минтақа асосан ду навъи анор: сафеди мулоимдона ва сурх парвариш карда мешавад.

Дар ҷаҳон зиёда аз 400 навъи анор мавҷуд аст, ки дар Тоҷикистон панҷ намуди он бештар парвариш меёбад. Аз рӯи туршӣ анор ба 3 гурӯҳ ҷудо мешавад: ширин, ширин -турш ва турш.

Аз як дарахти анор 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз менамояд. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан чидан мумкин аст. Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобаста аст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.

Дарахти анор сершоху барг буда, то 3 — 4 метр қад мекашад. Аз ҳар бехи анор 3, баъзан то 7 — 9 тана месабзад. Навдаҳояш хордор, баргаш байзашакли нӯгтез буда, дар зимистон мерезад. Аз аввали май то июл гул мекунад. Гулаш сурхи лолагун, кӯзачамонанд ё зангӯлашакл буда, дар нӯги навдаҳои навруста тоқа-тоқа ё тӯда-тӯда ҷой мегирад. Гулҳои нахустинаш калон буда, самар меоваранд. Меваи анор курашакл (қутраш 12 — 18 сантиметр, вазнаш 200—600 грамм, баъзан то 1 килограмм) буда, 400—700 дона дорад. Меваи он асосан моҳҳои сентябр — ноябр мепазад. Анор дарахти гармидӯст ва ба хушкию сармо тобовар аст.

Меваи анор аз се қисми асосӣ иборат аст: пӯст, тухмҳо ва афшура. Таносуби байни қисмҳои алоҳидаи анор чунин аст: пӯсташ 27,89-51,76 фоизи тамоми вазни мева, тухмҳо 7,78-22,14 фоиз, афшура 38,86-63,43%-и вазни меваро ташкил медиҳанд. Маззаи анор аз таркиби кимиёвӣ вобаста аст ва дар ин вақт махсусан таносуби қандҳо бо кислотаҳо ҳалкунанда аст. Аз рӯи миқдори кислотаи лимӯи шарбати анор навъҳо ба ширин, ширин-турш ва турш тақсим карда мешаванд.

Меваҳои дорои 0,9 фоиз кислотаи лимӯӣ ширин, аз 0,9 то 1,8 фисад ширин-турш ва зиёда аз 1,8 фоиз турш ҳисобида мешаванд. Навъҳои беҳтарин аз 0,9 фоиз то 1,8 фоиз кислотаи лимӯ ва ҳадди ақалл 12 фоиз қанд доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 4, 2024 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад