Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар фазои соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии давлатдории навинамон мебошад. Чунин иброз дошт Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа дар ҷамъомади тантанавие, ки ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсия дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат иттилоъ медиҳад.
Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ ба таҳкими пояҳои давлатдории муосири мамлакат замина гузошта, баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун таъмин намуд. Ин аст, ки Конститутсия таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро кафолат медиҳад.
Дар ҷамъомади идона гуфта шуд, ки бо қабули Конститутсия муносибатҳои ҷамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд. Ҳоло дар фазои ҳуқуқии мамлакат 427 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс ва беш аз 380 қонун амал мекунанд. Ҳамзамон зиёда аз 700 санади ҳуқуқии байналмилалӣ ба тасвиб расонида шудаанд.
Инчунин дар ин давра ғояи таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ ба миён омада, бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки пурра хусусияти миллӣ доранд, қабул гардиданд. Дар ҳамин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул шуд.
Дар анҷоми ҳамоиш даъват шуд, ки дар атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо талошҳои Пешвои миллат ба даст омадаанд, муттаҳид гардида, дар раванди рушди миллӣ, саодати мардум, расидан ба ояндаи дурахшон ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳм гузорем.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






