ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН ДАР НОРАК. Дар Тоҷикистон 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст

Ноябрь 2, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон доир гардид, ки дар он хоҷагиҳои анорпарвар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни анорро пешниҳоди иштирокдорон намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Баргузории Фестивали анорпарварон барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам овард. Дар ин рӯз аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзӣ барои парвариш ва интихоби навъҳои серҳосили ниҳоли анор ба боғпарварон тавсияҳои муфид пешниҳод гардид.

Тибқи иттилоъ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз ин 1359 гектар боғи ҳосилдеҳ мебошад. То аввали моҳи октябр боғпарварони мамлакат 4917 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар Тоҷикистон панҷ навъи анор павариш карда мешавад. Давраи афзоиши анор аз 180 то 215 рӯз, рушди меваҳо аз 120 то 160 рӯз ташкил медиҳад, дар соли 3-юми ниҳоли он мева медиҳад ва то 50-70 сол умр мебинад. Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хело ҳам фоиданок аст.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, меваи анор аз қанд, витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Меваҳо то 60 фоиз шарбат доранд. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сухтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст.

Меваи анор аз се қисми асосӣ иборат аст: пӯст, тухмҳо ва афшура. Таносуби байни қисмҳои алоҳидаи анор чунин аст: пӯсташ 27,89-51,76 фоизи тамоми вазни мева, тухмҳо 7,78-22,14 фоиз, афшура 38,86-63,43% вазни меваро ташкил медиҳанд. Маззаи анор аз таркиби кимиёвӣ вобаста аст ва дар ин вақт махсусан таносуби қандҳо бо кислотаҳо ҳалкунанда аст. Аз рӯи миқдори кислотаи лимӯи шарбати анор навъҳо ба ширин, ширин-турш ва турш тақсим карда мешаванд. Меваҳои дорои 0,9 фоиз кислотаи лимӯӣ ширин, аз 0,9 то 1,8 фисад ширин-турш ва зиёда аз 1,8 фоиз турш ҳисобида мешаванд. Навъҳои беҳтарин аз 0,9 фоиз то 1,8 фоиз кислотаи лимӯ ва ҳадди ақалл 12 фоиз қанд доранд.

Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст. Аз як дарахт 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз намуда, аз 5 то 35 сол ҳосил медиҳад. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан чидан мумкин аст.

Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобастааст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид