Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд

Ноябрь 22, 2024 11:27

ДУШАНБЕ, 22.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо ҳайати намояндагони минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон таҳти роҳбарии Оливер Штолпе мулоқот намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумрук хабар доданд. 

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ  намуда, масъалаи фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадиро баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳаи амалкунанда дар Тоҷикистон 8 дафтари ҳамкории сарҳадӣ ва 4 Гурӯҳи назорати бандарӣ фаъолият дошта, ба таҳкими ҳамкории дуҷониба мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин масъалаи вазъияти сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин таҳлили хавфҳои қочоқи маводи мухаддир ва доруворӣ таъкид гардид.

Хуршед Каримзода иброз намуд, ки мақомоти гумрук ҳамеша омода аст бо Намояндагии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба ҳама масъалаҳои стратегии барномаҳое, ки аз ҷониби ин Созмон  амалӣ мегарданд, ҳамкории зич намояд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобили судмандро вобаста ба самти фаъолияти гумрукӣ дар Тоҷикистон муҳим шуморида, барои тақвияти ҳамкории баъдӣ ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2024 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад