Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) оид ба масъалаҳои илми ҳаставӣ, фанновариҳо ва барномаи ҳамкории фаннӣ дар шаҳри Вена иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳошияи конфронс мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли Агентии байналмилалии неруи атомӣ Рафаеэл Гросси баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии неруи атомӣ, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки феълӣ ва ҳамчунин тарҳҳои миллии навро дар самтҳои гуногун дар доираи «Барномаи ҳамкории фаннии Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои солҳои 2026-2027» баррасӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд






