Намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии системаҳои фотоэлектрикии офтобӣ дар Чин иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии системаҳои фотоэлектрикии офтобӣ ва технологияҳои нигаҳдории энергия–2024, ки аз 17 то 20 ноябр дар шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин мегузарад, иштирок доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд, дар ҳошияи ин намоишгоҳ намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об бо роҳбарону намояндагони якчанд ширкат, аз ҷумла «Solarvest» ва Ассотсиатсияи рушди саноати энергияи «сабз» вохӯрӣ намуданд.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳ ба иқтидори энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин шароити мусоиди фароҳамгардида барои сармоягузорӣ равона гардид.
Сармоягузорон ба ҳамкорӣ барои сармоягузорӣ намудани соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






