НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид
ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 23 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Кафкӯбии пурмавҷтарини аҳли толор ва нидоҳои «аҳсан»-у «офарин» ҳангоми ба саҳнаи маросими ҷоизасупорӣ ворид шудани яке аз довталабони озмун садо доданд, ки иштироки ӯ дар ин озмун барои дигарон намунаи ибрат мебошад.
Иштирокчие, ки дар борааш сухан меравад, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и шаҳри Панҷакент Фараҳбахш Аҳмедзода мебошад. Ӯ бо вуҷуди нобино будан талаботи низомномаи озмунро риоя намуд, яъне дар озмун бо тайёрии ҷиддӣ сабқат карда, пирӯз гардид.
Фараҳбахш Аҳмедзода бо сабаби нобиноӣ аз ҳамсолонаш ду сол дертар ба мактаб рафтааст.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, бо заҳмату талоши модар тавонист дар ин озмун иштирок намояд. «Тамоми низомномаро ҳамроҳи модарам аз бар намудам. Ӯ барои ман бадоҳатан қироат менамуд ва ман онҳоро аз бар менамудам», — гуфт Фараҳбахш.
Гарчанде ки солҳои қаблӣ дар озмун то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат нагирифт, вале руҳафтода нашуда, бо заҳмату талоши модар ва завқи беандозаи худ имсол пирӯз гардид.
Модари Фараҳбахш Гулноз Ҳақдодова иброз намуд, ки «асарҳои насриро низ худам ба духтарам мехондам ва ӯ дар ёд мегирифт. Натиҷаи ин ҳама заҳмаҳо буд, ки дар даври вилоятии озмун соҳиби ҷойи якум гардид. Баъдан бо талоши зиёд то даври ҷумҳуриявӣ расида, орзуи худу падару модарашро бароварда гардонид. Ниҳоят, дар даври ниҳоии озмун соҳиби ҷойи сеюм гардид».
Ёдовар мешавем, ки озмун соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад ва ҳаводоронаш низ сол ба сол зиёд мешаванд.
Дар суҳбат бо мо модари Фараҳбахш бо изҳори миннатдорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» чунин гуфт: «Ман шоҳиди он гардидам, ки имрӯз толорҳои китобхонаҳо пур аз китобхонҳо шудааст, волидон низ барои ояндаи фарзандони худ ҷаҳду талош мекунанд, то онҳо хонанду дар зиндагӣ мақоми шоиста касб намоянд. Чунин ғамхориро дар ягон ҷойи дигар наметавон дид. Масалан, аз телевизион ахбори дунёро бисёр пайгирӣ мекунам, вале дар ягон давлати дунё надидаам, ки шуморо барои мутолиаи зиёди китоб, ки пеш аз ҳама, барои худатон манфиат меорад, боз бо мукофоти пулӣ ва дигар имтиёзҳо барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ қадрдонӣ намоянд».
Модари Фараҳбахш иброз дошт, ки акнун ба ояндаи дурахшони духтараш бовар дорад, зеро дар дили ӯ шавқи хондану соҳиби дониш шудан бештар гардидааст. Фараҳбахш ният дорад, ки дар озмунҳои дигар низ иштирок намояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






