Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид

Ноябрь 20, 2024 14:56

ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар он  муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Аҳлиддин Нуриддинзода изҳор дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи савдо муайян намудаанд.

Мавсуф вобаста ба пайвастшавии савдо, ҳамгироии байнидавлатӣ ва берунӣ, мутобиқсозии тартиботи гумрукӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва таъмини дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ сухан гуфт.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамгироии тиҷоратӣ дар минтақа, бахусус  рушди инфрасохтори роҳҳо, роҳи оҳан ва шабакаҳои рақамӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Дар анҷоми нишаст ҷонибҳо бобати такмили инфрасохтор, содагардонии расмиёти гумрукӣ, таъмини экосистемаи рушдёфта ва мутақобили судманд барои ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2024 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд